نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аввалин касе, ки роњи интиќоди илмии шеърњои Рўдакиро вазъ карда ва бо нишон додани гуногунии нусхањо ва шакли навиштори мухталифи калимањо ва иборатњои ин ашъорро сабт карда, Саид Нафисї аст. Матни тањияшуда аз сўи ин донишманди эронї бо он ки дорои арзиши илмист, ба дараљаи баланди усули матншиносї ва талаботи он тартиб наёфтааст. Масъалаи тасњењи матни осори Рўдакї ва тањияву танзими матни илмї-интиќодї, ки аз талаботи рўз аст, нигорандаи маќоларо водошт, бо њамкори профессор Расул Њодизода матни љадиди илмї-интиќодии ашъори бозмонда аз Рўдакиро тањия кунад. Барои ин кор матни Саид Нафисї бо номи «Осори Рўдакї» ва матни илми-интиќодии муњаќќиќи рус Л. А. Барагинская бо номи «Ашъор» асоси кор ќарор гирифт. Тасњењи бархе абёти Рўдакї, ки аз сўи шуморе аз устодон ба тозагї бозёфт шудааст, низ мадди назар ќарор гирифт. Дар ин маќола зарурати тињияи матни илмї-интиќодии осори бозмондаи Рўдакї зимни ташрењи забтњои нодурусти шуморе аз абёт баён шудааст. Мавзўъоти дигаре, ки дар матни илмӣ-интиќодии љадид мавриди таваљљуњ ќарор гирифта, шарњи нусхабадалњо ва варирантњои як луѓат ё иборат дар поварќї, забти ѓалатњои нусхањои мухталиф дар ќисмати тавзењот, шарњу тафсири луѓатњо дар луѓатнома ва сабти сурати сањењи ашъор аст.
کلیدواژهها [English]