نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ормонњои миллї ва иљтимої дар шинохти тафаккури миллии њар халќ наќше барљаста доранд. Ончи ин ормонњоро њувайдо мекунад, жанрњои фолклор аст. Дар фолклори тољик андеша ва тафаккури мардуми зањматкаши гуногунслиќа ва гуногунмълумот, зиндагии пурфарозунишеб, пастї ва баландињо, нокомї ва пирўзињои њаёти инсонї бозтоб ёфтааст. Яке аз жанрњои муњимми фолклор, ки дар он бозтобе аз ваќоеъи миллї ва иљтимоиро метавон мушоњида кард, сурудњои таърихї аст. Суруди таърихї ба таври даќиќ бо таърихи гузашта ва ваќоеъи иљтимоию сиёсе, ки пештар рух додаанд, иртибот дорад ва дар њељ як аз анвоъи фолклор ба андозаи суруди таърихї масоили худшиносї ва бедории миллї, афкори иљтимої, бурдубохти миллати ватандўсти тољик ба таври даќиќ мунъакис нашудааст. Дар љамъбандї нигоранда ба ин натиља расидааст, ки фолклор њамчун шиносномаи бахше аз таърихи миллат аст, ки яке аз аносири њаёти маънавї ва фарњангии инъикосдињандаи воќеии љавониби мухталифи зиндагї, аќоид, боварњо ва ормонњои мардумї аст ва њифзу пажўњиш дар бораи он дар раванди худшиносї ва худогоњии миллї метавонад наќше муњим дошта бошад.
کلیدواژهها [English]