نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Фолклор оинаи рўзгор аст ва њар њодисаи нек ва бад бидуни майлу хоњиши мо дар он таљассум меёбад. Аз гузашта миёни фолклор, яъне њамон адабиёти шифоњї бо адабиёти хаттї додуситад ва иртиботи мутаќобил вуљуд доштааст ва њар дуи онњо мукаммили якдигар будаанд; Ба тавре ки зарбулмасалњо ва эљодиёти шифоњии мардумї дар шаклгирии адабиёти хаттї омили муњимме мањсуб мешудааст. Њољї Њусайни Хатлонї аз љумлаи адибон ва шоироне буда, ки асарњои фолклорро дар ашъори хеш моњирона ба кор бастааст. Ў њамеша њамрозу њамнафаси мардум буд ва аз суњбатњои гўянда ва ровиён бањравар мешуд ва чунин мањфилњо буд, ки ўро ба илњом меовард. Нигоранда дар ин маќола зимни овардани мисдоќњое аз ашъори Њољї Њусайн дар мавриди иртиботи байни фолклор ва адабиёти хаттї ба ин натиља расида, ки ин мавзўъ аз доманаи васеъе бархурдор аст ва љамъбандии худро зайли се маврид бад-ин шарњ баён кардааст: 1. Додуситади эљодиёти шифоњї ва адабиёти хаттї аз ќадимулайём љараён дошта ва дар шаклу намудњои мухталиф сурат гирифтааст; 2. Таќлид ва татаббуъ аз асари якдигар байни шоирони ќадим ва муосир њамчун як раванди адабї маъмул будааст; 3. Таъсири мутаќобили асарњои мардумї ва адабиёти хаттї боиси пайдоиш, рушд ва тараќќии асарњои наву тоза шудааст.
کلیدواژهها [English]