نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аз соли 1872 м. муњаќќиќони шарќшинос ба тањќиќ дар заминаи фолклори тољик ва фарњанги мардумї пардохтанд. Аз соли 1872 м. то оѓози соли 1920 м. теъдоди умумии пажўњиш ва табъу нашри фолклори тољик аз 77 нагузаштааст. Дар воќеъ тањќиќ ва интишори эљодиёти шифоњї (назму насри шифоњї) –и халќ дар солњои бист, дар замони Шўравї вусъат ёфт; Ба тавре ки дар ин солњо теъдоди тањќиќ ва чопи ин осор ба шаст асар расид ва дар шањри Душанбе марокизи тањќиќи фолклори тољик эљод шуд. Яке аз касоне, ки таъсири зиёде дар љамъоварии эљодиёти шифоњии мардуми Тољикистон дошт, Назруллоњи Бектош буд, ки гирифтори ѓаразњои сиёсї ва шахсї шуд. Вай яке аз нахустин уламои тољик аст, ки дар рушди илми филологияи Тољикистон сањми умда дошт. Афзун бар ин Бектош дар ин раванд наќши сарварї низ доштааст. Вай раиси кумитаи тољикшиносї буда ва сарварии бахши филологияи нахустин муассисаи илмї, яъне Институти тањќиќоти илмии Тољикистон (1930-1932 м.)-ро бар уњда доштааст. Нигоранда дар ин маќола саъй дорад, то таваљљуњи хонандагони муњтарамро ба яке аз таълифоти дастурии Бектош бо унвони «Дар бораи ѓун (љамъ) кардани адабиёти дањанакии (шифоњии) халќ» маътуф кунад, ки гувоњи мояи илмї ва огоњии ў аз масоили фолклоршиносии навин аст.
کلیدواژهها [English]