نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ҳафтаномаи “Сомон”, нашрияи фарҳангӣ-адабии Бунёди забони форсии Тољикистон, бо сардабирии Доро Наљот, аз муњимтарин нашриёти тољик аст, ки дар ташвиќ ва таблиѓи фарњанги Эрони муосир ва густариши равобити Эрон ва Тољикистон наќши бориз доштааст. Ин нашрия аз соли 1991-1999 мелодӣ ба ду хатти форсї ва кириллї дар 84 шумора ба табъ расидааст. Дар аксар шуморањои ин нашрия дар бораи бахшњои мухталифи илму фарњанги Эрони муосир матолиби љолиб ва хонданӣ дарљ шудааст. Аз миёни муаллифони эронї, ки маќолаҳояшон дар ин нашрия чоп шудааст, метавон ба Таќии Арронї, Ғуломризо Сутуда, Лутфалии Суратгар, Нимо Юшиљ, Ғуломуњсини Юсуфї ва... ишора кард. Нашрияи “Сомон” бахшеро бо унвони «Шеъри муосири Эрон» ба муаррифии шоирони Эрон ва намунањои шеъри онњо ихтисос додааст. Бархе аз матолиби мундариљ дар нашрия низ бозтобдињандаи љанбањои мухталифи равобити њасанаи Эрон ва Тољикистон аст, ки ба ќалами муњаќќиќоне чун Сирус Ализода, Мирзо Муллоањмад, Доро Наљот ва... ба нигориш даромадааст. Њамчунин, дар сафањоти ин нашрия ахбори љолибе аз рўзгори илмиву адабї ва њунарии Эрон ба табъ расидааст ва бо чопи акс аз марокизи таърихию фарњангї ва зиёратї, хонандаи тољик бо кишвари бузург ва куњани Эрон ошно мешавад.
کلیدواژهها [English]