نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бо њадафи баёни душворї ва печидагињои нашри аввалин рўзномаи тољикї “Бухорои шариф” ва низ тањлилу баррасии матолиби мундариљ дар он ба нигориш даромадааст. Ибтидои ќарни бист даврони тањаввулот, љунбишњо ва инќилобњо буд. Дар ин давра, инќилоби аввали рус, инќилобњои машрута дар Эрону Туркия ва њаракати миллии озодихоњон дар кишварњои дигар бар афкор ва андешаи нављӯёни Бухоро низ таъсир гузошт ва бањсу мунозираи навхоњон ва муњофизакоронро таќвият кард. Ин воќеаҳо дар андеша ва мулоњизаи равшангарон ва маорифпарварони Бухоро инќилоби фикрӣ ба вуљуд овард ва дар пайи он рўзномаи тољикии “Бухорои шариф” бо сардабирии Мирзољалоли Юсуфзода дар 11-уми марти соли 1912 мелодӣ ба табъ расид. Силсиламаќолањои Мирзољалол дар “Бухорои шариф”, ки болиѓ бар дусад унвон аст, наќши муњиме дар равшангарї ва огоњии мардуми тољик бар уњда дошт. Нигорандаи маќолаи њозир баъд аз муаррифии теъдоде аз ин маќолот ва тањлилу баррасии муњтавои онњо ба ин натиља расидааст, ки Мирзољалол ба њамроњи Мирзосирољи Ҳаким дар “Бухорои шариф” таваљљуњи мардумро ба масоиле љалб кардаанд, ки њалли онњо дар рушду ободии кишвар наќши муњим доштааст. Аз њамин рӯ, вай таъкид мекунад, ки њамакнун ваќти он расидааст, ки матолиби хонданї ва љолиби муњарриру муаллифи фаъоли рўзнома, Мирзољалоли Юсуфзода ва яке аз поягузоронаш Мирзосирољи Ҳаким ва њамаи равшанфикрони тољик аз сафањоти рўзномаи “Бухорои шариф” гирдоварї ва аз донишу мањорат ва љањонбинии онњо дар њаллу фасли муаммоњои имрўз истифода шавад.
کلیدواژهها [English]