نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشکده روزنامهنگاری دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Алиасѓари Ҷонфидо, ховаршиноси варзида, дар соли 1926 мелодӣ дар Озарбойљони Эрон чашм ба љањон кушод ва дар сол 1942 мелодӣ ба узвияти њизби “Тўда” даромад. Баъд аз судури фармони боздошти сарон ва аъзои њизби “Тӯда”-и Эрон аз сӯи Ризошоњ, гурўње низ муваффаќ ба фирор шуданд. Алиасғари Ҷонфидо аз љумлаи афродест, ки љилои ватан мекунад ва Иттињоди шўравиро барои иќомат интихоб менамояд. Ў то соли 1951 мелодӣ ба унвони паноњандаи сиёсӣ дар шањри Чањорљӯи Ҷумњурии Туркманистон зери назорати коргарони њизби коммунисти шўравї иќомат мекунад ва муддате баъд ба пойтахти Тољикистони шўравї, шањри Душанбе, фиристода мешавад ва дар он љо ба узвияти њизби коммунисти Тољикистон дирмеояд. Љонфидо дар соли 1954 мелодӣ ба факултаи таърих, забон ва адабиёти тољики Донишкадаи давлатии омўзгории (акнун донишгоњи ба номи Садриддини Айнї) Тољикистон роњ меёбад ва дар соли 1959 мелодӣ бомуваффаќият онро хатм мекунад ва баъд аз он ба унвони корманди озмоишгоњ дар пажўњишгоњи шарќшиносии Академияи илмҳои Тољикистон шурўъ ба фаъолият мекунад. Љонфидо дорои осори мустаќил ва иштироки фаровонест, ки дар ин маќола фењристе аз он ироа шудааст. Бархе аз ин осор иборатанд аз: “Туњфат-ул-ањрор”-и Мавлоно Абдурањмони Ҷомӣ бо њамќаламии А. Зуњуруддинов, “Намунањои ашъор”-и Исмати Бухорої” ва.... Њукумати Тољикистон хадамоти Алиасғари Ҷонфидоро дар назар гирифта ва ўро ба чањор нишон ва медал муфтахар кардааст.
کلیدواژهها [English]