نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
شاعر و روزنامهنگار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар ин маќола, нигоранда бо ироаи шарњи мухтасар аз зиндагии Ҳумайро Исфањонї, зани боирода ва шарофатманди эронї пардохтааст, ки дар масири зиндагї тавонист тамоми усул ва сунани фарњанги хешро нигањ дорад. Дар миёнањои садаи нуздањуми мелодї Маљиди Њамид (падарбузурги нигоранда), ки аз ањолии Самарќанд ва Бухоро будааст, ба Эрон меояд ва намояндагии амири Бухороро бар уњда мегирад. Дар ин замон миёни Маљид ва падар Ҳумайро, ки дар он ваќт сафир буд, равобити дўстии њасанае барќарор мешавад ва Маљид бо Ҳумайро издивољ мекунад. Пас аз адои суннатњо арўсро аз Исфањон ба Бухоро меоваранд. Маљид ва Ҳумайро соњиби се фарзанд (ду писар ва як духтар ба номи Малика) мешаванд. То Инќилоби шўравї тибќи гуфтањои волидаи (наваи Маљид) нигоранда, муносибатњои хешу таборӣ бо Исфањон барќарор буд, аммо Инќилоби шўравї сахттарин шиканљањоро бар сари ин хонадон овард. Дар ин њангом Маљид, шавњари Ҳумайро, ба љурми ашрофзодагї тирборон мешавад. Њумайро бо се тифл, дарњоле, ки аз њамаи сарвати худ мањрум шудааст, бо азоби сангин фарзандонашро бузург мекунад. Дар ин миён, Малика арўси хонаводаи Мавлавӣ Худойназар мешавад ва соњиби ду фарзанд, як писар бо номи Изомуддин ва дигаре духтар бо номи Нигина (модари нигоранда) мешавад. Њумайро ва духтараш Малика, дар солњои 1940-1946 мелодӣ чашм аз љањон фурў мебанданд. Њатто аљсоди онон бо номи «душманони халќ»-и Шўравї ба хок сипурда мешавад. Танњо аз љамъи ин ёдгорињо волидаи нигоранда, Нигина дар ќайди њаёт аст. Ў тамоми умр бо ёди модар ва модарбузург зиндагї карда ва љуз њасрату дареѓ чизе барояш боќӣ намондааст.
کلیدواژهها [English]