نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз масоили муњимме, ки чи дар замони Шўравї ва чи пас аз истиќлоли Тољикистон дар љадидияшиносии тољик мавриди бањс аст, назари љадидон дар бораи сиёсат ва њокимияти сиёсї аст. Баррасии манобеъи мављуд дар мавзўъи љадидия нишон медињад, кўшишњое, ки барои арзёбии дидгоњи љадидон дар бораи масоили фарњангї ва сиёсї баамаломада њаргиз натавонистааст моњияти воќеии ин њаракатро нишон дињад. Дар ин маќола бо дар назар гирифтани љањонбинии љадидон, дидгоњњои бевоситаи онњо дар бораи масъалањои њокимияти сиёсї баррасї шуда ва бо тањлили таълимоти љадидони Бухоро дар бораи њокимияти сиёсї ва моњияту хусусиятњои он натоиље бад-ин шарњ ба даст омадааст: 1. Душвории тањлили дидгоњњои љадидон ба далели дар дастрас набудани осори онњо; 2. Бетаваљљуњии љадидон ба мавзўъоти назарї мисли сарчашмаи ќудрати сиёсї, моњияти њокимият ва...; 3. Таъкиди љадидон дар оѓози кор бар пайванди њокимият бо адолат ва шариати исломї ва гароиши онњо дар мароњили баъд ба назарияи ташкили давлат ва њокимияти сиёсї бар асоси миллат; 4. Ривољи падидањои муњимми сиёсї њамчун мањфили сиёсї, њизби сиёсї, барномаи њизбї ва... барои нахустин бор аз сўи љадидон ва вуруди фаъолияти сиёсии тољикон ба марњалаи муосир; 5. Баргузидани низоми салтанати аморатї ба унвони модели идеоли њокимият дар мароњили аввали фаъолияти љадидон; 6. Гароиш ба љумњурихоњї дар мароњили баъдї ва пас аз итминон аз ислоњнопазирии њукумати Бухоро; 7. Ќоил шудани ихтиёроти васеъ барои шохањои њокимияти давлатї, интихоби рањбарияти иљроиия аз сўи шўро ва њокимияти ќонунгузор аз тарафи маљлис ва њокимияти ќазої аз љониби ќузоти интихобї дар низоми љумњурии тољикон; 8. Таъсиси давлати миллии тољикї аз тарафи намояндагони љадидия; 9. Истифода аз мафњуми гирофик ё хатти тањаввули фикрии љадидон барои табйини моњияти динамикии дидгоњњои онњо ва истифода аз мафњуми рангинкамон ё тайфи афкори сиёсии онњо барои табйини дидгоњњои шохањои мухталиф.
کلیدواژهها [English]