نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دانشیار زبان و ادبیات فارسی، دانشگاه تربیتمدرس، تهران، ایران
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Пажўњишгарони њавзаи адабиёт дар Осиёи Марказї, дар масири шинохти мероси адабї ва забонии ин минтаќа дар бозаи замонии нимаи дувуми садаи сездањум то нимаи нахусти садаи чањордањуми ќамарї/ нуздањум то авоили садаи бистуми мелодӣ1 бо падидаи мунњасир ба фарди фарњангї ва адабї бо номи Бедил (1054-1133ќ./1644-1720), ва таъсири бечунучарои андеша, ќолаб ва сабки баёни ин шоири нозукхаёли форсисарои Њинд бар адибони форсу тољик ва ўзбекзабони ин минтаќа мувољењ мешванд. Ин падида каму беш дар ин солњо дар миёни адибони њавзањои љуѓрофиёи Афѓонистон ва шебњиќора низ дида мешавад; Аммо шароит дар Эрон ба гунањои дигар буд ва адибони ин њавза дар њаракати огоњона бо ишораи бузургони њалќаи адабї шаклгирифта дар Исфањон, аз нимаи дувуми садаи дувоздањум то авоили садаи чањордањуми ќамарї, шеваи салафи худро пеши чашм дошта, аз сабки мавсум ба «ҳиндӣ», ва шохањои эронї ва њиндии он ба парчамдории Соиби Табрезӣ (1000-1086ќ.?/1592-1676м.?) ва Бедили Дењлавї рух бартофтанд ва аз мероси шигарфи ин мактаб безорӣ љустанд. Дар бораи тафовутписанди муњитњои адабии ёдшуда, пажўњишгарони барљастаи адаби форсї, урду ва ўзбакӣ асарњои муњиммеро таълиф кардаанд, ки дар ин миён тањќиќоти Муњаммадризо Шафеъи Кадканӣ (т. 1318ш./1939) дар Эрон; Салоњуддин Салљуќї (1275ё1275-1349ш./1895ё1896-1970) ва Асадуллоњи Ҳабиб (т. 1320ш./1941) дар Афѓонистон, Абдуррауфи Фитрати Бухорої (мќт. 1937) ва Иброњими Муъминоф (1908-1974) дар Узбекистон ва Садриддин Айнї (ф. 1954) дар Тољикистон хислати ягона дорад. Њарчанд њанўз њам дар бораи чароии ин тафовут гуфтанињо фаровон аст ва ниёз ба пажўњишњои љиддї ва дароздоман эњсос мешавад. Нигорандаи ин сутур дар се маќолаи људогона дар бораи Бедил ва бедилгарої дар муњити адабии Мовароуннањр дар садаи нуздањум ва авоили садаи бистӯм, бо мурољиа ба манобеъи дасти аввали кишварњои Осиёи Марказї раванди гароиш ба Бедилро воковӣ карда аст: 1. Худоёр, Иброњим. «Бедилгарої дар муњити адабии Мовароуннањр». Китоби моњи адабиёт ва фалсафа. С 6. Ш 12(72). С 47-57; 2. --------- «Садриддин Айнї ва Бедил». Пажўњишњои забон ва адаби форсї. С 2. Ш 5. С 75-94; 3. -------- бо њамкории Ғулом Каримов. «Фењристи китобњои чопи сангии Бедил дар Мовароуннањр- Ӯзбекистон». Дониш. Ш 94. С 117-128. Дар ду се дањаи ахир, тањќиќоти густардае дар муњитњои донишгоњї ва хориљ аз он дар бораи Бедил дар Эрон ба риштаи тањрир даромадааст. Натоиљи ин пажўњишњо дар дигаргунии зоиќа ва писанди ањли адаби Эрон ба Бедил комилан муассир воќеъ шудааст. Ин рўзњо дигар Бедил дар миён эрониён шоири ноошно нест. Вай илова бар касби љойгоњи дархур дар пажўњишњои донишгоњї, мояи дилмашѓулии гурўњи чашмгире аз шоирони ним садаи ахир, аз Сӯњроби Сипењрӣ (1307-1359ш./1928-1980) то Ҳасани Ҳусайнӣ (1335-1383ш./1956-2004) ва пас аз он дар миёни насли љавонтар, будааст. Њарчанд зоиќаи бедилпажӯњон дар Эрон, ба бедилгарої марсум дар ин њавзаи мутолиотӣ мунљар нашуд. Алоќаи ошиќонаи њамзабононамон дар Афѓонистон ба Бедил достони дигаре дорад. Садаи бистум дар Осиёи Марказї, садаи шигифтангез ва ибратомўзе буд. Сароѓози истиќлолталаб, дар миёнаи роњ фурўхуфта дар домани Иттињоди Ҷамоњири Шўравии Сотсиалистї, ва дар поёни роњ дорои кишварњои мустаќил дар тарози љањонї. Дар оѓоз ин сада, дар ин минтаќа љунбишњои озодихоњї ва истиќлолталабӣ, ҳарчанд андаке дертар аз ҷунбишҳои машрутахоҳӣ дар шарқи дур ва Ховари Миёна, дар Ҷопон, Эрн ва Туркия, ба вуқӯъ пайваст ва ҷунбуҷӯши зиёде барои касби истиқлол аз ҳукумати Тезор ва Хону хонигарии аморотњои Бухоро ва Хоразм аз худ нишон дод, дастоварди дархӯре барои ин минтаќа надошт. Дар њамин давра, аз он љо кӣ њанўз низоми таълим ва тарбияти суннатӣ дар макотиб (мадрасањои ибтидоӣ) ва мадориси пешин (мадориси олї, донишгоњ) побарљо ва маводи дарсии онњо таѓйире накарда буд, њазорон тан аз толибони илми минтаќа аз њар ќавму нажод ва њар забону зоиќа, бо осори Бедил ва Ҳофиз2 ва Саъдӣ по ба дунёи доноӣ мениҳоданд. Чопхонаҳои фаровоне дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Хуҷанд, Бухоро, ва Хоразм бо чопи осори шоирони мавриди алоқаи мардум, онҳоро дар роҳи расидан ба дунёи дилхоњшон ёри мерасонанд. Њам аз ин рӯ буд, ки танњо дар фосилаи солњои 1301-1335ќ./1883-1916 осори Бедил 54 бор ба сурати чопи сангӣ бо њадафи таъмини китобњои дарсии ин манотиќ рўи чопро дид. Бо вуќўи инќилоби октябр 1917 ва ба дунболи он ташкили љумњурињои шўроӣ дар 1924 низоми таълим ва тарбияти ќадим аз байн рафт ва бо таѓйироти дигаре, ки дар соњати андеша ва зисти маънавии мардуми минтаќа рух дод, иќбол ба суннат, њарчанд яксара аз байн нарафт, њамонанди гузашта пурфурӯғ набуд. Дар поёни садаи бистум истиќлоли љумњурињои Осиёи Марказї, аз љумла Ӯзбакестон ва Тољикистон, дар соли 1991 фурсати беназиреро дар ихтиёри ањли адаб ва њунари тољику ўзбек гузошт. Ин рўзњо бисёре аз фарњехтагони тољику ўзбек дар масири шинохти ниёгони худ гом нињодаанд ва бо оташи серинопазир ба дунболи тањќиќ дар бораи суннатњои неки онон њастанд. Дуруст аст, ки замон наќши муњимме дар соњати андешагии мардум эљод мекунад ва дар љињатдињӣ ба писандњои онњо муассир воќеъ мешавад, бозгашт ба мероси Бедил ва бозхони осори вай ва пайравонаш дар ин минтаќа, агар аз рўи шинохти амиќ ва дарки мавќеияти кунунии адабиёти ин минтаќа набошад, дур нест зиёнњои бузургеро ба мероси адабии он ворид кунад. Дар ин љустор бино надорам андешаи Ањмади Дониш (1827-1897), Фитрати Бухорої ва Садриддин Айниро дар маќоми пешравони тарњи интиќоди назарияи бедилгарої ва офатњои он дар Осиёи Марказї такрор кунам. Аммо тарњи ин мавзўъ холи аз лутф нест, ки агар бозгашт ба Бедил ба маънии бозгашт ба сабку андешаи Бедил бидуни таваљљӯњ ба воќеияти рухдода дар матни адабї аз як су, ва шеваи зисти маънавии мардумон аз сўи дигар, дар ин минтаќа бошад, батардид абтар хоњад монд. Ман дўст дорам бозгашт ба Бедилро дар ин минтаќа бо иќболи њамешагии мардуми Эрон ва ин минтаќа ба Ҳофизи Шерозӣ баробар нињам. Бо ин маънї, бозгашт ба Бедил ва мероси вай дар Осиёи Марказї ва њар љои дигар, натанњо њељ зиёне надорад, балки паноњ бурдан ба домони донои дунёдидааст, ки таљрибњњо ва бардоштњои ноби худро аз зиндагї ва печухамњояш, рангорангии њастиро бо њамаи талхињо ва зебоињояш дар ихтиёри мухотабон ќарор медињад ва ононро дар паймудани роњњои нарафта дастгирӣ мекунад. Магар адабиёти воло вазифњои љуз ин дорад?! Агар гуфтаи Арасту, донои Юнон, ро њанўз дар бораи вазифаи адабиёт, яъне лаззатофаринї ва ибрат гирифтан, дуруст бидонем- ва њаќ њам чизе љуз ин нест- бозгашт ба Бедил дар Осиёи Марказї, бозгашт аз рўи аљз нахоњад буд, балки онро бояд бозгашт аз рўи ишќ таъбир кард. Ин бозгашти ошиќона аст. Бинобар ин муборак аст ва моно. Бедил њамчун Рўдакї, Хайём, Фирдавсї, Саъдї, Ҳофиз, Ҷомї ва Соиб дар ќафаси танги замону макон боќи намемонад ва метавонад њалќаи васли дўстдорони андеша ва њикмати шарќ дар забони ширин ва ќомати фариштасони форсӣ дар густарае ба бузургии Эрон, Афѓонистон, Шабњиќора ва Осиёи Марказї бошад. Ба гуфтаи Бедил: Зин пеш, ки дил ќобили фарњанг набуд, Аз печу хами тааллуќам нанг набуд. Огоњиам аз њарду љањон вањшат дод, То бол надоштам ќафаси танг набуд. Пайнавиштњо 1. Иќбол ба нусхабардорӣ аз осори Бедил дар Мовароуннањр дар садањои 19-20 мелодї њайратангез аст. Дар фењристе, ки ба њамин манзур барои муаррифии осори ирфонӣ мањфуз дар махзани нусахи хаттии Абурайњони Берунии Тошканд (2000) тадвин шудааст, 612 нусха (аз шумораи 1049-1342) ба осор марбут аст. 2. Дар муќаддимаи яке аз чопњои сангии девони Ҳофиз, ки ба шумораи 4311 дар махзани нусахи хаттии Абурайњони Берунии Тошканд нигањдорӣ мешавад, дар бораи Бедилхонии кўдакон мактабхонњои Тошканд, пойтахти имрўзи Ҷумњурии Ӯзбакестон, навишта шудааст: «маълуми нозирони ин китоб буда бошад, ки аксари кўдакони мактабхона баъд аз хатми ин китоби мустатоб ба Мирзо Бедил медароянд [...]» . 3. Тае солњои 1884-1917 яъне дар муддати 33 сол, девони Ҳофиз ё гузидаи ашъори вай 66 бор ба чоп расид, ки сањми Тошканд аз ин чопҳо 57 навбат аст.