نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Суннати «чароѓравшанкунї» яке аз бошукўњтарин оинњои мазњаби љамоати исмоилии Бадахшони Тољикистон, Афѓонистон ва шимоли Покистон аст, ки дар миёни ањолии ин манотиќ бо номњои «даъват», «даъвати пир Шоњносир» ва «чароѓравшнкунї» маъруф аст. Дар бораи таърихи пайдоиши ин оин ва фалсафаи он ихтилофи назар вуљуд дорад. Бархе чун Бертелс ва Хромов бар ин боваранд, ки «чароѓравшнкунї» таърихи хеле ќадимї доштаву аз оини мењрпарастї ва дини зардуштї барои исмоилиён ба мерос мондааст. Муњаќќиќи покистонї Азизуллоњ Наљиб баръакс муддаист, ки ин суннат бо дини зардуштї иртиботе надорад ва бархоста аз ташайюъи исломист. Натоиљи ин маќола дар хусуси ин мавзўъ њокї аз он аст, ки аввалан суннати «чароѓравшанкунї» ба оини мењрпарастї ва зардуштӣ њељ иртиботе надорад, зеро дар Авесто њељ ишорае ба ин мавзўъ нашудааст. Њамчунин бо таваљљуњ ба мамнӯъияти оинњои адёни пеш аз ислом дар Ќуръони маљид ва ањодису сухани имомон ба љо овардани ин суннатњо аз сўи пайравонашон ѓайримумкин аст. Нуктаи дигар ин ки матни кунунии «Чароѓнома» ба забони форсї ва дар давраи Сафавиён мураттаб шуда ва мунољот дар васфи Носири Хусрав дар ќарнњои ахир ба он изофа шудааст. Нуктаи охир ин аст, ки «Чароѓнома» ба ќалами Носири Хусрав муталлиқ нест, зеро дар девони ашъори ў ин мунољот вуљуд надорад.
کلیدواژهها [English]